Хизматрасонии пулакии СМИТ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нархномаи хизматрасонии иттилоотӣ ва маълумотии Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии (СМИТ) ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2019 таҳти №282 б/з, бо Фармоиши Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор карда шуда, нархномаи нави хизматрасонии пулакии СМИТ аз 20 июли соли 2022 тасдиқ карда шуда, аз 1 августи соли 2022 мавриди амал қарор дода шуд.
№ |
Номгӯи хизматрасонӣ |
Маблағ (бо сомонӣ) |
|
Барои шаҳрвандон |
|
1 |
-дар давоми 10 рӯзи корӣ |
30,00 |
-дар давоми 3 рӯзи корӣ |
50,00 |
|
|
Барои муассисаву ташкилотҳо |
|
2 |
-дар давоми 10 рӯзи корӣ |
55,00 |
-дар давоми 3 рӯзи корӣ |
70,00 |
Эзоҳ: маблағҳои хизматрасонӣ барои иштирокчиёни ҶБВ, бартарафсозии оқибатҳои садамаи НБА ”Чернобил”, ҷанговарони ”Интернатсионалист”, нафақахӯрон, аъзои оилаҳои камбизоат, маъюбон, кормандон ва оилаҳои кормандони фавтидаи мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин иштирокчиёни барқарорсозии сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти маблағи хизматрасонии мазкур озод мебошанд.
Пардохти хизматрасонии мазкур барои шаҳрвандони ноболиғ 50 фоиз аз маблағи муайянгардида муқаррар карда мешавад.
Хизматрасонии иттилоотӣ ва маълумотӣ ба вазорату идораҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон расонида мешавад.