Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолатҳои мардумфиребӣ 

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 31-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли 2024, Алишер ва Муродҷон ном шахсон бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 40 ҳазор литр маводи сӯзишвории навъи «Салярка»-ро ба маблағи 402 ҳазору 575 сомонӣ гирифта ваъда додаанд, ки маблағашро дар муҳлати кутоҳ бар мегардонад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидаанд. 
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда ҷинояти мазкурро бо ҳамроҳии марди 36-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ содир намудааст. 
Инчунин, гумонбаршавандагон моҳи декабри соли 2024, бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 24-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ як адад автомашинаи тамғаи «Тайота Кемри»-ро ба маблағи 44 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додаанд, ки маблағашро дар муддати кутоҳ бармегардонанд, аммо  то ҳол маблағи мазкурро барнагардонидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

08.01.2025 8:43
39