Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Марди қаблан судшуда боз даст ба ҷиноят зад

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш се маротиба барои содир намудани ҷиноят бо қисмҳои 2 ва 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 8-уми декабри соли 2024, тахминан соати 00:30-дақиқа, ҳангоми дар дохили Чилимхонаи ба номи “Симурғ”, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ қарор доштанаш  аз ҷавони 21-солаи сокини пойтахт бо роҳи таҳдид ва зӯроварӣ як адад телефони мобилии тамғаи “Айфон 12 про”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Зарари расонидашуда 500 сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад. 

08.01.2025 8:31
31