Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани ҷавони 22-сола бо ҷурми авбошӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршуда 5-уми январи соли 2025, тахминан соати 22:40-дақиқа, аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос бо модараш зани 49-сола ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 2 маротиба ба қисмати камар ва қафаси сина аз тарафи рост зарба зада ва баъдан бо корд 4 маротибаи дигар бобояш пирамарди 80-солаи сокини  ҳамон ҷойро дар қисмати тахтапӯшташ аз тарафи рост зарба задааст. 
Дар натиҷа, ҷабрдидагон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

07.01.2025 9:42
21