Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ду садамаи нақлиётии марговар дар шоҳроҳи "Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ"

4-уми январи соли 2025, тахминан соати 10:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра-Ҷ», Бадалов Маҳмуд Ҳоҷиевич, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Айнӣ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ», воқеъ дар ҷамоати деҳоти Қалъачаи Калони шаҳри Истаравшан аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба  автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», таҳти идораи Ҷумабоев Суҳроб Алишерович, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Шаҳристон, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи тамғаи «Опел-Астра-Ҷ», Нарзиев Нарзи Анварович, соли таваллудаш 1966, сокини ноҳияи Айнӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 
4-уми январи соли 2025, тахминан соати 17:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Актросе», Умаров Шаҳбоз  Аҳрорқулович, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Истаравшан дар 122+620 километри шоҳроҳи «Душанбе-Чанок» дар мавзеъи Кумарги ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи «Мерседес-Атеко», таҳти идораи Зикруллоев Салим  Саидович, соли таваллудаш 1979, сокини шаҳри Истаравшан, бархӯрдааст. 
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Атеко” Зикруллоев С. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мусофири автомашинаи мазкур Мусоев Султонали Мирзоевич, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Истаравшан, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

06.01.2025 9:57
72