Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани ҳодисаҳои дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён аризаи зани 58-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 3-юми январи соли 2025 шахси номаълум пинҳонӣ вориди утоқи кориаш дар МТМУ шуда, аз онҷо 9 ҳазору 500 сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғони 17 ва 16-солаи сокинони ноҳияи Кӯшониён, ки якеашон пеш бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шудаанд. 
Инчунин, ба ШВКД дар шаҳри Норак бо ариза мари 39-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки  моҳи августи соли 2024 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз чарогоҳи талу теппаҳои деҳоти Далдахӯрон 100-сар чорвои майдаи шохдорро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 90 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. 
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 39-солаи сокини ноҳияи Данғара содир намудааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

06.01.2025 9:55
34