Ҳалокати ноболиғ дар натиҷаи садама
3-юми январи соли 2025 тахминан соати 15:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота Кемрӣ”, Раҷабов Амирҷон Азизҷонович, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Кӯлоб дар 69 километри шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб” аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб, воқеъ дар ҳудуди роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воистаи нақлиёт набаромада ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, дар қисмати қафои автомашинаи боркаши тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи Авазов Завқибек Зайниддинович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Душанбе, ки аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб ҳаракат менамуд, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи тамғаи “Тайота Кемри”, ноболиғ Сафарова Ҳадиса Шамсиддиновна, соли таваллудаш 2013, сокини шаҳри Кӯлоб, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст, инчунин ронандаи автомашинаи мазкур Раҷабов А.А. ва ноболиғ Сафарова Аниса Шамсиддиновна, соли таваллудаш 2010, сокини ҳамон ҷо, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.