Ошкор шудани кирдорҳои қаллобӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат аризаи марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки моҳи декабри соли 2023 марди 36-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ як адад автомашинаи тамғаи “Рендж-Ровер”-ро ба маблағи 220 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда, гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш 230 ҳазор дона хишти пӯхта медиҳад, аммо гумонбаршаванда ба маблағи 115 ҳазор сомонӣ хишти пухта дода, боқимонда 115 ҳазор сомониашро то ҳол барнагардонидааст.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини шаҳри Бӯстон бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, дар давоми соли 2022 бо роҳи фиреб ба боварии марди 32-солаи сокини шаҳри Истиқлол даромада, аз ӯ дар чанд марҳила маблағҳои 123 ҳазору 500 сомониро гирифта, ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.