Дастгир гардидани марди 28-сола бо ҷурми дуздӣ
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда шаби 5 ба 6-уми декабри соли 2024, тахминан соати 02:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи С.Қурбонови шаҳри Ваҳдат қарор доштанаш бо роҳи пинҳонӣ аз нуқтаи ширкати букмекерии “Формула-55” аз дохили сейфи оҳанин, ки ба марди 52-солаи сокини шаҳри мазкур тааллуқ дорад, 10 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.