Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳодисаҳои нақлиётӣ

30-юми декабри соли 2024, тахминан соати 21:00 ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ СИЕЛО”, Каримзода Субҳони Зайдулло, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми бо суръати номуайян ҳаракат намуданаш дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Б.Бурунови шаҳри Ваҳдат, ки дар нишебии роҳ бе мусофир ҳаракат мекард, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба дарахти сояафкани канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ СИЕЛО” Каримзода С.З. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
30-юми декабри соли 2024, тахминан соати 21:00 ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», Раҳимов Сунатулло Қобилҷонович, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи марказии шаҳри Истаравшан аз самти деҳаи Қалъачаи Араб ба самти бозори марказии шаҳри Истаравшан ҳаракат карда истода, дар рӯ ба рӯйи МТМУ №32, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба дохили канали обрави дар канори роҳ буда, чаппа шудааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Орзиқулов Далер Давронович, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри мазкур ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
Худи ронанда Раҳимов С. ва мусофири дигари автомашинаи мазкур Туйчиев Қурбонҷон Алиевич, соли таваллудаш 1997, сокини ҳамин шаҳр ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. 
31-уми декабри соли 2024, тахминан соати 00:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел Астра”, Назриев Ҳақим Казиевич, соли таваллудаш 1963, сокини шаҳри Гулистон, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба сутуни оҳанини ишоравии канори рости роҳ бархурда, ба чуқурии тахминан 40 метр сарозер шудааст. 
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашина, ҳамсараш Назриева Аслибибӣ Розиқовна, соли таваллудаш 1965, сокини ҳамон ҷо дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
31-уми декабри соли 2024, тахминан соати 09:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ҳаитов Қиёмиддин Мирзоевич, соли таваллудаш 1977, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт дар роҳи мошингарди “Турсунзода-Душанбе”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба ҷӯйбори бетонии канори рости роҳ автомашинаро чаппа намудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Ҳаитов К.М. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
31-уми декабри соли 2024, тахминан соати 23:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ”, Маҳамадиев Сироҷиддин Маҳмадрасулович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Турсунзода ба самти шаҳри Душанбе, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Шаҳринави ноҳияи Шаҳринав, пиёдагард Гулов Исроилҷон Тағоевич, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Шаҳринавро, ки дар ҳолати мастӣ шоҳроҳро аз тарафи чап ба тарафи рост убур мекард, бо қисмати пеши автомашина пахш намудааст.
Дар натиҷа, номбурда ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

02.01.2025 10:14
26