Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Содир намудани қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон 

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини  ноҳияи Ховалинг собиқ раиси корхонаи “ҶДММ “Ҷустуҷӯи ганҷ” дар ноҳияи Сангвор бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 10-уми апрели соли 2023 бо роҳи фиреб ба боварии марди 42-солаи сокини ноҳияи Масчоҳ, ки роҳбари ҶДММ “Сосон-2018” мебошад, даромада, аз ҷабрдида як адад экскватори тамғаи “ SDLG“,  як адад мехлапатаи тамғаи “SDLG” ва шаш адад авотомашинаи боркаши тамғаи “HOWO”-ро ба иҷора гирифта, муддати шаш моҳ истифода намуда, аммо маблағи истифодабурдаи техникаҳои иҷоравиашро пардохт накардааст.
Зарари расонидашуда 1 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.  
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

02.01.2025 10:13
18