Ифшо шудани ҳодисаҳои дуздӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи зани 37-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 28-уми декабри соли 2024 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз онҷо якчанд адад ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 58 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавонзани 21-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ содир намудааст.
Инчунин, ба ШВКД дар шаҳри Левакант аризаи зани 56-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки моҳи декабри соли 2024 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайбаш як адад корти миллии "Амонатбонк" ва 13 ҳазор сомониро дуздида аз ҷойи ходиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 24-солаи сокини ҳамин шаҳр содир намудааст.
Ҳамзамон зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 41-солаи сокини шаҳри Конибодом бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, моҳи декабри соли 2022 тахминан соати 21:00 бо роҳи пинҳонӣ аз дохили канали ҳудуди заминҳои корами хоҷагии деҳқонии марди 53-солаи сокини ҷамоати деҳоти Фирӯзобаи шаҳри Конибодом, 1-адад насоси обкашии барқӣ, ки арзишаш 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Инчунин, гумонбаршаванда ҳамроҳ бо марди 41-солаи сокини шаҳри мазкур моҳи ноябри соли 2022, тахминан соати 20:00 бо роҳи пинҳонӣ аз дохили канали ҳудуди заминҳои корами хоҷагии деҳқонии марди 42-солаи сокини ҳамин шаҳр, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Фирӯзоба 1-адад насоси обкашии барқӣ, ки арзишаш 9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳамин тариқ гумонбаршаванда моҳи марти соли 2019 тахминан соати 19:00 бо роҳи пинҳонӣ аз дохили канали ҳудуди заминҳои корами хоҷагии деҳқонии бо номи «Дӯстӣ», ки ба марди 62-солаи сокини шаҳри Конибодом тааллуқ дорад, 1-адад насоси обкашии барқӣ, ки арзишаш 13 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.