Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари омӯзишӣ дар мавзуи: “Саҳми босазои зан-корманди мақомоти корҳои дохилӣ дар таҳкими сулҳу суботи ҷомеа”

Дар доираи  Нақшаи чорабиниҳои Ассотсиатсияи шуроҳои занони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2023-2025, ки аз 6 сентябри соли 2022, №552 аз ҷониби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия муҳтарам Раҳимзода Р.Ҳ., тасдиқ гардидааст, – баргузор  намудани чорабиниҳо дар ҳамбастагӣ бо шарикони рушд”, инчунин банди 10-и Нақша-чорабиниҳои Ассотсиатсия оид ба баргузор намудани  семинар, тренинг дар самти баланд бардоштани  нақши зан дар ҷомеа ва фаъолияти босуботи ӯ дар мақомоти корҳои дохилӣ, аз 27 то  31-уми декабри  соли 2024  семинари омӯзишӣ  дар мавзуъҳои “Мавқеи зан-корманди мақомоти корҳои дохилӣ дар таҳкими  сулҳу суботи ҷомеа”,“Саҳми кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза ба муқобили шиканҷа, зуроварӣ дар оила” бо иштироки 15 – нафар  кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ, аъзоёни Ассотсиатсияи шурои занони ВКД, инчунин намояндаи Раёсати амнияти дохилии ВКД, ёрдамчии муовини вазири корҳои дохилӣ- сарпарасти Ассотсиатсияи шурои занони ВКД, сардори кафедраи фанҳои ҳуқуқи граждании Академияи ВКД, намояндаи Маркази матбуоти ВКД, намояндаи ҳафтаномаи ВКД “Қонун ва ҷомеа”, чамъ 22 нафар  дар осоишгоҳи  “Шоҳамбарӣ” баргузор гардид.                       Дар семинари омӯзиши сардори кафедраи фанҳои ҳуқуқи граждании Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия,   Абдулаҳадзода А.А., дар мавзуи “Принсипи манъи табъиз дар фаъолияти милитсия”, инчунин Дилноза Худобахшова дар мавзуи “Нақшаи амали солҳои 2023-2025 ба Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038”, Раиси Ассотсиатсияи шурои занони ВКД н.и.пед.,дотсент полковники милитсия Давлатшозода А.Ш., дар мавзуи “Барномаҳои давлатӣ оид ба мақоми зан дар ҷомеа ва фаъолияти  кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ” суханронӣ намуданд.
Иштирокчиёни  семинари омӯзишӣ дар музокираҳо фаъолона иштирок намуда, оид ба фаъолияти босуботи занон-кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои  хешро иброз намуданд. Инчунин аз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия муҳтарам Раҳимзода Р.Ҳ., бо ифтихор суханронӣ намуда, барои минбаъд низ софдилона  иҷро намудани уҳдадориҳои хеш ва умуман барои   ободии  Тоҷикистони азиз саҳми босазо гузоштан  баёни андеша намуданд.
Раиси Ассотсиатсияи  Шурои занони ВКД
Ҷумҳуроии Тоҷикистон, полковники милитсия                                                     Давлатшозода  А.Ш.

02.01.2025 14:54
73