Дастгир гардидани ҷавони 27-сола бо ҷурми ғоратгарӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 38-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки 6-уми июни соли 2024, тахминан соати 11:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Н.Муҳаммади пойтахт қарор доштанаш шахси номаълум бе ягон асос ӯро лату кӯб намуда, бо роҳи ошкоро аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Хонор С10” ва 1 ҳазору 400 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 27-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.