Таваҷҷуҳ ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон
Дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд гуруҳи кории байниидоравӣ оид ба огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон дар назди шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷандро роҳбарияти Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони (РОПҲНҶ) ВКД сарҷамъ ва Низомномаи самтиро, ки ВКД тартиб додааст муаррифӣ намуданд.
Самтҳои фаъолият оид ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон, пешгири аз беҳудагардию беназоратӣ ва даст ба ҷинояту ҳуқуқвайронкунӣ задани онҳо ҳамоҳангӣ ва фаъолияти дастаҷамъона бо мақсади пешгирӣ намудани амалу рафторҳои ношоиста миёни ноболиғону ҷавонон мавзӯи асосии ин ҳамоишро дар бар гирифт.
Сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД полковники милитсия Мансур Бухоризода чорабиниро оғоз бахшида, ба иштирокчиён намояндагони мақомотҳои дар таълим ва тарбияи ноболиғон манфиатдори шаҳри Хуҷанд вобаста ба Низомномаи гуруҳи кории байниидоравӣ оид ба огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуквайронкунии ноболиғон, ки ҳамоҳангсози он ВКД мебошад маълумот дод. Гуфта шуд, ки гуруҳи корӣ мақоми доимоамалкунандаи машваратии байниидоравие мебошад, ки бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак, таъсиси механизми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон, муҳайё сохтани шароити муносиб барои аз ҷиҳати мусбӣ инкишоф ёфтани ноболиғон ва дигар паҳлуҳои ба ҳаёти наврасон алоқаманд бо мақсади таъмини талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» таъсис дода шудааст. Мавқеъи назоратӣ ва фаъолияти дастаҷамъона имконият медиҳад, ки масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак таъмин ва ҳуқуку манфиатҳои ноболиғон ҳифз карда шавад.
Зимни ҷамъомад намояндаи МКД вобаста ба сатҳи ҷинояткорӣ ва дигар қонуншиканиҳо аз ҷониби ноболиғон дар мисоли шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд ба ҳозирин маълумот дода, ба ҳолатҳои халалдорсозандаи раванди таълиму тарбия ва таҳсил таваҷчуҳ намуд. Ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба омӯзиши илму маърифат, ташкили машғулияту мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни онҳо метавонад дар оянда насли солиму созандаро ба камол расонад. Табодули таҷриба бо дигар шаҳру ноҳияҳо, ташкили мулоқоту вохӯриҳо байни ҷавонон, сафарҳои саёҳатии якҷоя ба минтақаҳои сайёҳии ҷумҳурӣ, шиносоӣ ба ҷараёни хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ ва дигар чорабиниҳои тарғиботӣ ҷиҳати дар рӯҳияи Ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намудани насли ояндаро ба мақсад мувофиқ донистанд. Ба ақидаи масъулин муҳимияти аз роҳи хатову кирдорҳои зидиҳуқуқӣ баргардонидан ноболиғону ҷавонон дар он ифода меёбад, ки дар оянда идораи ҷомеа ба дасти насле меафтад, ки андешаи солим дорад ва пайваста барои ҳифзи муҳити солим ташаббус менамояд.
Таваҷҷуҳ намудан ба сифати таълиму тарбияи ноболиғон ва назорати ҳаёти берун аз мактабии онҳо низ ҳамчун омили рушд диҳандаи қобилияти зеҳнӣ ва одат кардани наврасон ба зиндагӣ дар доираи қонун мебошад, таъкид шуд дар рафти ҷаласа.
Дар ҷараёни ҷамъомад таклифу пешниҳоди аъзоёни гуруҳи кории байниидоравӣ оид ба огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон дар назди ШВКД дар шаҳри Хуҷанд шунида шуда қарорҳои дахлдор вобаста ба нақшаи фаъолияти якҷоя дар се моҳаи аввали соли 2025 қабул гардид.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.