Дастгир гардидани ҷавони 23-сола бо ҷурми авбошӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Турсунзода бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 30-юми июни соли 2024, тахминан соати 15:00, дар дохили қаҳвахонаи “Ғалаба” бе ягон сабаб бо марди 36-солаи сокини шаҳри Турсунзода ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 4 маротиба ба баданаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.