Ифшо шудани ҳодисаи дуздии чорво
Ба ШВКД дар ноҳияи Муъминобод бо ариза марди 37-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки авалҳои моҳи октябри соли 2024, шабона шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз чарогоҳи деҳаашон 1 сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 29 ва ҷавони 21-солаи сокинони ҳамин ноҳия содир намудаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.