Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошти ду зан барои ташкил намудани фоҳишахона

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду зани 33-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо гумони ташкил ё нигоҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуданд. 
Гумонбаршавангон, хонаҳои истиқоматиашонро ба фоҳишахона табдил дода, аз марди 35 ва зани 39-солаи сокинони ноҳияҳои Панҷу Ёвон барои алоқаи ҷинсӣ намуданашон шароит фароҳам намуда, аз онҳо 600 сомонӣ ҳақи хизмат гирифтаанд.
Нисбати яке аз гумонбаршавандагон парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

26.12.2024 14:33
58