Ҳалокати ронанда ва мусофир дар ҳодисаҳои нақлиётӣ
27-уми июни соли 2024, тахминан соати 01:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Королла», Ғафоров Сӯҳроб Абдуҷабборович, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Ховалинг, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди мавзеи деҳаи Шаҳристон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар канори роҳ чаппа шудааст.
Дар натиҷа, ронанда Ғафоров С. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Чор нафар мусофирони автомашинаи мазкур ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
27-уми июни соли 2024, тахминан соати 11:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ 21-21”, Саллоев Абдуҷаббор Ғафурович, соли таваллудаш 1958, сокини ноҳияи Ш.Шоҳин, ҳангоми аз тарафи маркази ҳамин ноҳия ба самти деҳаи Шаҳри Барбар ҳаракат кардан дар мавзеи “Се дулона” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз баландии 30 метр сарозер шудааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Абдураҳмонов Муҳаммадрасул Ҳакимхонович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Фархор, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандаи автомашина Саллоев А.Ғ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.