Боздошти ноболиғи 15-сола бо гумони қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 15-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 21-уми декабри соли 2024, тахминан соати 23:00, дар дохили ҳаммоми манзили истиқоматӣ бо ноболиғи 17-солаи сокини пойтахт ҷангу чанҷол намуда, бо корд дар пушташ як маротиба зарба задааст.
Мувофиқи маълумотномаи тиббӣ-судӣ ҷабрдида бо захми халидаву буррандаи воридшавии мавзеъи шонасатҳи қафои нимаи чапи қафаси сина дар беморхона бистарӣ гардида, зарари вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.