Ҳалокати якчанд нафар дар ҳодисаҳои нақлиётӣ
21-уми декабри соли 2024, тахминан соати 13:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хова”, Зоиров Самандиёр Файзидинович, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат бо шоҳроҳи “Душанбе-Суғд”, аз тарафи шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Варзоб, дар 15 километр ҳангоми ба тарафи чап тоб хӯрдан бо автомашинаи тамғаи “Тайота Кемри” таҳти идораи ронанда, Зубайдов Илҳом Нусратулоевич, соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Душанбе, ки аз тарафи ноҳияи Варзоб ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашинаи тамғаи “Тайота Кемри”, Сатторзода Шаҳром, соли таваллудаш 2003, сокини пойтахт, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расида ва Ҳабибуллоева Хатича Фахриддиновна, соли таваллудаш 2007, сокини шаҳри Душанбе, ронанда Зубайдов И.Н. дар беморхона ва Иргашова Беназир Ҷамшедовна, соли таваллудаш 2005, сокини шаҳри Душанбе ба беморхона дастрас ва бистарӣ гардидаанд.
20-уми декабри соли 2024, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Королла”, Ҳасанов Абдулло Исматуллоевич, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Қубодиён, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Қубодиён, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Қизил-қалъаи ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Шоймардонова Маҳина Раҳмоновна, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Хуросонро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Шоймардонова М.Р. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
20-уми декабри соли 2024, тахминан соати 17:00, ронандаи автомашинаи тамғаи номаълум ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Қаратоғ ба самти ноҳияи Шаҳринав, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Шаҳринав аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Ҳазратӣ Пиримқулзода Саломӣ, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Шаҳринавро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Ҳазратӣ П.С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ронандаи автомашинаи тамғаи “Равон Р-4-1”, Қиёмов Амриддин Аброриддинович, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Шаҳринав дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.