Дастгир гардидани марди 27-сола барои куштори собиқ ҳамсараш
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ноҳияи Вахш бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 26-уми июни соли 2024, тахминан соати 18 ба 19:00 собиқ ҳамсараш ҷавонзани 22-солаи сокини шаҳри Душанберо бо ҳамроҳии духтари хурдсолаш ба наздаш даъват менамояд. Онҳо аз шаҳри Душанбе ба наздаш меоянд. 27-уми июни соли 2024, тахминан соатҳои 00:30-дақиқа, баъди хоб рафтани собиқ ҳамсар ва духтарчааш номбурда нисбати ҳамсараш нафрату бадбинӣ пайдо карда, бо дастонаш ӯро бӯғӣ кардааст, ки ҳамсараш аз ҳуш рафтааст.
Гумонбаршаванда фикр кардааст, ки ҳамсараш ба ҳалокат расидааст.
Сипас, бо мақсади пинҳон намудани ҷасад ӯро ба назди канали обгузар бурда, дар лаби канал гузошта мебинад, ки ӯ зинда аст. Номбурда бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудани ӯ бо корди кисагӣ дар қисмати рости гарданаш 5 маротиба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.