Нақши бонувон дар тадбиқи барномаҳои давлатӣ
Аъзоёни Шурои занони Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо ташкили мизи мудаввар таҳти унвони «Нақши бонувон дар тадбиқи барномаҳои давлатӣ» масъалаҳои марбут ба фаъолияти занон дар мақомоти корҳои дохилиро баррасӣ намуданд. Дар ҷаласаи корӣ муовини сардори Раёсат подполковники милитсия Содиқзода Ҳотамшо Ҷаббор иштирок ва суханронӣ намуд.
Зикр гардид, ки саҳми занони мақомоти корҳои дохилӣ баҳри таъмини тартиботи ҳуқуқӣ дар рафти чорабиниҳо, пешгирӣ ва ошкорнамоии кирдорҳои ба ҷомеа хавфнок, бурдани корҳои тарғиботии тарбиявӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва дигар иқдомоти созанда ба нафъи ҷомеа назаррас мебошад.
Ба рӯзҳои таҷлил аз санаи тақдирсози Рӯзи Ваҳдати миллӣ рост омадани ҷаласаро роҳбари Шурои занони мақомоти милитсияи вилояти Суғд подполковники милитсия Муҳиба Азимзода фоли нек баҳри амалисозии корҳои нақшавӣ унвон кард. Ва вобаста ба дастгирию имтиёзҳои ба ҳаёту фаъолияти занон нигаронидашудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзоёни Шуро маълумот дод. Баланд бардоштани мақоми зан-модар дар мақомоти маъмурӣ – идоракунӣ, фароҳамсозии шароити таҳсил ва кор дар сохторҳои муҳими давлатӣ барои занон, намунаи олии эҳтиром ба зан-модар мебошад. Нишонаи боварӣ ба истеъдод ва коргузории ҷинси латиф боз дар он таҷассум меёбад, ки имрӯзҳо зани тоҷик дар сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилӣ дар паҳлуи мардон истода, сарбаландона дар самтҳои оперативию тафтишотӣ, криминалистӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва дигар хизматҳо фаъолият мебарад.
Номбурда таъкид намуд, ки ҷавобан ба чунин ғамхорӣ баҳри хизмат ба нафъи Ватан занони мақомот фаъол бошанд.
Дар «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ҳиссагузорӣ дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, роҳнамоии ватандӯстона ва масъулиятшиносии ҷавонон, пешгирии зуҳуроти номатлуб, кор дар самти муноқиша ва хушунати оилавӣ аз мавзӯъҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ буд, ки аз ҷониби Шурои занони Раёсати ВКД дар вилояти Суғд баррасӣ гардид.
Мизи мудаввар бо қабули нақшаҳои минбаъдаи фаъолият дар нимсолаи дуюми соли 2024 ҷамъбаст гардид.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия