Ҳалокати ронанда ва мусофири ноболиғ дар садамаи нақлиётӣ
18-уми декабри соли 2024, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Гулмуродов Муҳаммад Насимович, соли тавалллудаш 1991, сокини ноҳияи Ёвон ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Хуросон ба самти ноҳияи Ёвон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, таҳти идораи Сафолов Парда Султонович, соли таваллудаш 1961, сокини ноҳияи Ёвон бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Сафолов П.С. ва мусофири дохили автомашинаи мазкур ноболиғ Азизқулова Шаҳринисо, соли таваллудаш 2009, сокини ноҳияи мазкур, ҳангоми дастрас намудан ба беморхона ба ҳалокат расида, мусофири дигари дохили автомашина Юсупова Зайнаб, соли таваллудаш 1988, сокини ҳамин ноҳия ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.