Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани ду нафар бо ҷурми ғоратгарӣ 

Ба ШВКД дар шаҳри Левакант бо ариза ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи Панҷ муроҷиат намудааст, ки 13-уми декабри соли 2024 шахсони номаълум вориди хонаи муваққатан истиқоматиаш, воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Сарбанди шаҳри мазкур гардида, ӯро мавриди лату кӯб қарор дода, аз ӯ ҳазор сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи “Айфон-15”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 2 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-сола ва ноболиғи 17-солаи сокинони шаҳри Леваканту ноҳияи Данғара бо гумони ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

19.12.2024 15:09
24