Ба ҳалокат расонидани марди 33-сола
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини ноҳияи Ёвон ва марди 34-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон 16-уми августи соли 2022 бо мақсади расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ва бо роҳи тамаъҷӯӣ тасарруф намудани 85 ҳазор рубли русӣ марди 33-солаи сокини шаҳри Турсунзода ва падараш марди 61-солаи сокини ҳамон ҷоро ба назди мағозаи “Магнит”, воқеъ дар бинои “Добрый” ноҳияи Жуковскии вилояти Калугаи Федератсияи Россия даъват намудаанд.
Ҳангоми вохурӣ намудан марди 34-сола бо ҷабрдида марди 33-сола ҷангу ҷанҷол намуда, бо чӯбдасти чӯбин “бита”-и дар дасташ буда ба қисми сари ҷабрдида зиёда аз 2 маротиба зарба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида 26-уми августи соли 2022 дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Нисбати гумонбаршавандагон парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 3 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.