Ошкор шудани ҳодисаи қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон
Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат аризаи марди 50-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки аз моҳи декабри соли 2023 то моҳи июни соли 2024 марди 35-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ чанд адад автомашина ва мотосиклҳои барқиро ба маблағи 201 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки бар ивази маблағ ба ӯ хишти пухта медиҳад, аммо то ҳол ӯро фиреб дода гаштааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.