Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошти ронандагон бо содир намудани қоидавайронкуниҳои дағал

Ҳамарӯза масъулини яке аз сохторҳои таркибии мақомоти корҳои дохилӣ - кормандони БДА кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки аз қоидавайронкуниҳои дағал пешгирӣ намоянд. То ин ки бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ таъмин ва рух додани садамаҳо коҳиш ёбад. Ронандагони қоидаситез албатта, ба ҷавобгарӣ ҷалб карда мешаванд, зеро беинтизомии онҳо ба дигарон хатарнок ва манфиатҳои давлативу ҷамъиятӣ зарар мебинанд.
Ҳафтаи гузашта зимни хизматбарӣ ва назорат дар болои иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ дар минтақаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳамингуна қоидавайронкуниҳо ошкор карда шудааст.
Аз ҷумла, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «ДЭУ-Нексия» рақами қайди давлатиаш tj 3419 КМ/02  Пирузов Заҳур Мирзоамонович истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Мастчоҳи  ноҳияи Мастчоҳ ҳангоми дар ҳолати мастӣ идора кардани автомашина ба дасти милитсия афтод. Нисбати ронандаи сархӯш бо моддаи 332 Кодекси ҳуқуквайронкунии маъмурӣ протоколи ҳуқуквайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Оиқибати чунин қоидавайронкунии дағал ба муҳлати муайян маҳрум шудан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт мебошад.
Дар ҳолати дигар шаҳрванд Раупов Асадбек истиқоматкунандаи ноҳияи Спитамен дорандаи шаҳодатномаи ронандагӣ бо дараҷаи ҳуқуқдиҳандаи «С» бошад ҳам, дидаву дониста, ки барои идора кардани сабукрав шаҳодатномаи ҳуқуқдиҳандаи дараҷаи «В» лозим аст ва ӯ онро надорад воситаи нақлиёти тамғаи «Опел-Астра» рақами қайди давлатиаш tj 0082 GC/02 ба хешовандаш таалуқ доштаро идора кардааст. Кирдори ронандаи мазкур бо моддаи 336 қисми 3 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ банду баст гардид.
Қоидавайронкунии ба ронанда Ҳомидов Мирзоҳошим Мирзосодиқович истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ мансуб бударо низ метавон бо назардошти зарар ба буҷаи оилавӣ доштан қоидавайронкунии дағал унвон кард. Масъулини Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар вилояти Суғд воситаи нақлиёти тамғаи «Тайота Прадо»-и таҳти идораи номбурда қарор доштаро боздошт ва зимни санҷиш муайян карданд, ки ронанди мазкур бе иҷозатнома барои  идора намудани воситаи нақлиёт бо оинаҳои сиёҳу хира карда шуда онро идора менамуд.
Нисбати ҳуқуқвайронкунанда  Ҳомидов М.М., бо дастрасии талаботи моддаи 330 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Воситаи нақлиёти ҳар се ронандаи ҳуқуқвайронкунанда ба ҷаримагоҳи муваққатии БДА дастрас  карда шудааст.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

17.12.2024 21:23
76