Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошти зани 30-сола бо ҷурми дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Файзобод аризаи ҷавонзани 22-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки шаби 15 ба 16-уми декабри соли 2024, тахминан соати 01:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз онҷо як адад телефони мобилии тамғаи “АЙФОН 11”, ки арзишаш 3 ҳазор сомонӣ мебошад ва 5000 рубли русиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 30-солаи сокини шаҳри Норак бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

17.12.2024 8:58
25