Ошкор шудани муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи тарфгарӣ-пиротехникӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи тарфгарӣ-пиротехникӣ дастгир карда шуд.
4-уми декабри соли 2024, тахминан соати 22:20-дақиқа, дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд аз гумонбаршаванда 4 қуттии калон, ки дар дохилаш 40 қуттии дигар бо маводҳои тарфгаридоштаи мушаки бадеӣ тасвир ёфта бо навиштаҷоти «Трения» мавҷуд буд, гирифта шуд.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 иловаи 1 моддаи 199 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.