Рух додани садамаҳои нақлиётии марговар
12-уми декабри соли 2024, тахминан соати 18:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Портер», Арбобов Лутфиёр Мирзоноибович, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Айнӣ, ҳангоми ҳаракат дар 9+200 километри шоҳроҳи «Айнӣ-Панҷакент», аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Холиқназаров Некмуддин Музафарович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, дучархарон Холиқназаров Н.М. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, дар онҷо ба ҳалокат расидааст.
13-уми декабри соли 2024, тахминан соати 11:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира”, Алимов Қандилбек Муродбекович, соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи Н.Хусрав ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Қубодиён ба самти ноҳияи Шаҳритус, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Т.Сангини ноҳияи Қубодиён аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагарди ноболиғ Набиева Оиша Исломиддиновна, соли таваллудаш 2016, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Набиева О.И. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.