Дастгир гардидани ноболиғи 17-сола бо гумони таҳдиди куштан
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 13-уми декабри соли 2024, тахминан соати 12:00 ба дохили нонвойхона, воқеъ дар кӯчаи Маяковскийи шаҳри Душанбе даромада, ҷавонзани 24-солаи сокини пойтахтро дашномҳои қабеҳ дода, ӯро бо корди дар дасташ буда, таҳдиди куштан намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.