Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолати азонихудкунӣ ё исрофкорӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, дар асоси фармони директори генералии ширкати ҶДММ «Чашма Трейд» аз 1-уми августи соли 2022 дар ширкати номбурда ба ҳайси ронанда-экспедитор кору фаъолият намуда, дар раванди кору фаъолият дар давраи солҳои 2022-2024, тибқи борхат аз анбори ҷамъияти номбурда барои ба мизоҷон дастрас намудан маҳсулоти гуногунро қабул карда гирифта, онҳоро ба мизоҷон, яъне ба нуқта ва марказҳои савдои дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд буда, дастрас намудааст.
Баъдан гумонбаршаванда аз мизоҷони ширкат маблағҳои пулиро ҷамъоварӣ карда, 45 ҳазору 115-сомонӣ маблағи пулиро, ки ба номбурда молҳои ширкат боварӣ карда супорида шуда буд, ғайриқонунӣ азонихуд намуда ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо банди «в» қисми 2 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

13.12.2024 9:07
39