Хурдсолонро ҷустуҷӯ доранд
Ба ШВКД дар н.Шоҳмансур шаҳрванд Аралов Тимур Очилдиевич соли таваллудаш 1983, сокини кӯчаи Айнӣ, хонаи 32/1, ҳуҷраи 53, муроҷиат намудааст, ки рӯзи 25.03.с.2013 духтари хурдсолаш Аралова Малика Тимуровна соли таваллудаш 2007, духтари хурдсоли бародараш Аралова Сабина Улуғбековна соли таваллудаш 2008, сокини кӯчаи Айнӣ, хонаи 32/1, ҳуҷраи 2, аз хонаашон баромада, бедарак гум шудаанд.
Барои дарёфт намудани хурдсолон аз ҷониби кормандони милитсия чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд.
Нафароне, ки оиди дар куҷо будани онҳо маълумот доранд, метавонанд бо телефонҳои 91-900-12-00, 91-970-55-33 ва «Телефони боварӣ»-и Вазири корҳои дохилӣ 221-21-21 дар тамос шаванд.