Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳодисаи дуздии ҳамён

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза ҷавонзани 21-солаи сокини ноҳияи Рудакӣ муроҷиат намудааст, ки 9-уми декабри соли 2024, тахминан соати 14:25-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ҳангоми дар дохили мағозаи “ЛС Вайкики”-и пойтахт қарор доштанаш аз ҷайбаш ҳамёнашро, ки дар дохилаш 4 ҳазору 600 сомонӣ, шиноснома, ҳуҷҷати ронандагӣ, корти бонкии "Алиф" ва 1-адад повер–банк буд, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 7 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия духтарбачаи ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Душанбе ва холааш зани 43-солаи сокини ҳамон ҷо бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

12.12.2024 9:36
27