Тими волейболи ВКД «Ҷоми Пешвои миллат»-ро ба даст овард
Дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe»-и пойтахт маросими ҷойизасупорӣ ба ғолибони мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол (мардон ва бонувон) ва тенниси рӯйи миз барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат" байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ баргузор гардид.
Дар маросими мазкур Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуда, гуфт, ки машғулиятҳои ҷисмонӣ барои ҳаматарафа тарбия додани шахс мавқеи муҳим доранд ва инсонро на танҳо аз лиҳози сиришт зебову тавоно месозанд, балки ба шарофати варзиш руҳи инсон низ покизаву қавӣ ва дунёи маънавии вай пурғановату мукаммал гардида, дар замираш иродаи қавӣ, интизоми шоиста, солимии тафаккур тарбия меёбад.
Тавре ӯ иброз намуд, давоми семоҳаи чоруми соли ҷорӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди волейбол (мардон ва бонувон) ва тенниси рӯйи миз байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуданд, ки инак онҳо натиҷагирӣ ва ҷамъбаст гардиданд.
Аз ҷониби ҳайати доварон ғолибону ҷоизадорони инфиродӣ ва даставии мардон ва бонувон аз рӯйи тенниси рӯйи миз муайян шуданд. Аз ҷумла, ҷойи сеюм насиби Дилрабо Неъматзода ва ҷойи дуюм Муҳайё Маҳмудӣ гардида, зинаи ифтихории якумро Гулнора Нурляминзода соҳиб шуд.
Ғолибон миёни мардон дар ҳайати инфиродӣ аз намуди тенниси рӯйи миз чунин зинабандӣ гардиданд:
- Ҷойи сеюм Некрӯз Саидҷонов.
- Ҷойи дуюм Муҳаммад Шарипов.
- Ҷойи якум Сайфиддин Боронов.
Ғолибони ҳайати даставӣ оид ба тенниси рӯйи миз:
- Ҷойи сеюм КВД “Амонатбонк”.
- Ҷойи дуюм Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Ҷойи якум Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол (мардон ва бонувон) байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ низ ҷамъбаст ва ғолибони он муайян ва қадрдонӣ карда шуданд. Дар навъи мусобиқаи волейбол миёни мардон ҷойи якуми ифтихориро тими Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда, ду зинаи баъдиро мутаносибан дастаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол намуданд.
Дар волейболбозӣ миёни бонувон ҳам ҷойи якуми ифтихориро дастаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб гардид. Дар зинаҳои баъдӣ бошад, дастаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой гирифтанд.
Шурои ҷумҳуриявии
«Динамо» ВКД ҶТ