Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани дуздӣ аз мағоза

Ба ШВКД дар шаҳри Панҷакент бо ариза марди 45-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 1-уми декабри соли 2024 тахминан соати 02:00, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи фурӯши телефонҳои мобилиаш шуда, аз онҷо  4 ҳазор сомонӣ, 1 ҳазор доллари амрикоӣ, 25-адад телефонҳои гуногунтамға ва 1-адад планшетро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 88 ҳазору 850 сомониро ташкил медиҳад. 
Дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 59-солаи сокини ҳамин шаҳр ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

11.12.2024 15:02
32