Табрикот
Табрикоти
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро
бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик
Муҳтарам генералҳо, афсарону
сарбозон, кормандон ва собиқадорони
мақомоти корҳои дохилӣ!
Бо арзи сипос ва таманниёти беандоза ҳамаи шумоён ва аҳли оилаатонро бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик самимона табрику муборакбод менамоям ва дар ин рӯзи фархунда ба Шумоён дар иҷрои вазифаҳои басо масъулиятноку пурифтихор комёбиҳои беназирро орзумандам.
Таҷлили рӯзи касбии кормандони милитсия дар рӯзҳое баргузор мегардад, ки мардуми шарафманду сарбаланд ва тамаддунофари кишварамон, маъракаи муҳиму таърихӣ ва муқаддас ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ботантана таҷлил намуда, дар чорабинии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар якдилию ҳамдигарфаҳмӣ ва ягонагию муттаҳидии худро зери роҳбарии фарзанди фарзонаи ин миллати бонангу номус, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит намуданд.
Кормандони далеру шуҷои милитсияи тоҷик дар ин давра аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо матонату шуҷоат ва далериву мардонагӣ гузашта, дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷомеа аз худ садоқат, далерӣ, ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва инсондӯстӣ зоҳир намуда, бо баҳои ҷони худ якҷо бо родмардони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакат манфиатҳои миллату давлат ва соҳибистиқлоливу соҳибватаниро бо фидокориву ҷоннисорӣ ҳимоя ва таъмин намуданд.
Давлат ва мардуми Тоҷикистон ҷасорату ҷоннисории фарзандони худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд ва номи неки онҳоро ҳамеша пос медоранд.
Солҳои душвору вазнини гузашта таҷрибаву малакаи касбӣ ва матонату мардонагии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилиро тақвият бахшида, онҳоро ба муборизаи беамон бар зидди унсурҳои сиёҳкору ҷиноятпеша ва халалдорсозандаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ ҳидояту раҳнамоӣ карданд.
Имрӯзҳо низ кормандони милитсия анъанаи далериву мардонагӣ ва сарсупурдагиву садоқатмандии худро ба миллату Ватан идома дода, дар ошкор ва пешгирӣ намудани садҳо ҷиноятҳои вазнини хусусияти фаромиллидошта, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ѓайриқонунии воситаҳои нашъадор ва силоҳ, савдои одамон, ҳамчунин безарар гардонидани даҳҳо аъзоёни фаъоли гурӯҳҳои силоҳбадасти ҷиноятпеша саҳми босазо гузошта истодаанд.
Саҳми собиқадорони мақомот дар тарбияи ҳайати шахсӣ, роҳнамоӣ ва гузоштани таҷрибаи бою ѓании худ дар ҷодаи мубориза бо ҷинояткорӣ хело ҳам калон буда, барои чунин заҳмати онҳо арзи сипоси худамро изҳор менамоям.
Маҳз матонату устуворӣ, шуҷоату мардонагӣ, ҳисси баланди кордониву масъулиятшиносӣ кормандони милитсияро дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва дастовардаҳои даврони истиқлолият роҳнамоӣ намуда, ба мо имкон фароҳам овардааст, ки имрӯз ин санаи таърихӣ - иди касбии кормандони милитсияро бошукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта, арзу таманиёти хешро дар фазои осоишта ва дӯстиву рафоқат иброз намоем.
Вазъияти зудтағйирёбандаи минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла тавсеа пайдо кардани фаъолияти ташкилоту гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ҷамъ омадани шумораи зиёди гурӯҳҳои ифротӣ дар марзи давлатӣ ва ҷой доштани дигар ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо дар ҷомеа моро водор месозад, ки ҳушёриву зиракӣ ва масъулияти худро боз ҳам дучанд сохта, омодабошии доимии ҳайати шахсиро барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъмин созем.
Имрӯзҳо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии фаромиллӣ тарзу усулҳои муосири ҷинояткориро бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва шабакаҳои интернетӣ фаъол гардонида, нақшаҳои ҷиноятии худро аз хориҷи кишвар бо таври хеле макорона тарҳрезӣ менамоянд. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки дар ин самт низ тадбирҳои зарурӣ андешида, фаъолияти мақомоти милитсияро дар ин ҷода боз ҳам тақвият бахшем.
Дар партави Стратегияи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2013-2020 ва Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 даҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, воҳидҳои сохтории Вазорати корҳои дохилӣ такмил ва бозсозӣ гардиданд.
Ҳамзамон, вобаста ба тайёркунӣ ва бозомӯзии кадрҳо низоми таълим дар муассисаҳои таълимии Вазорати корхои дохилӣ такмил дода шуда, садҳо кормандони милитсия ва дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқии кишвар бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малакаи касбӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд.
Сохтмони биноҳои минтақавии милитсия, бинои замонавии Академия, факултети фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, Маркази муқовимат ба экстремизм, терроризм ва сепаратизм ва таъмиру азнавасозии садҳо биноҳои маъмурӣ, маишиву ёрирасон барои таъминоти базаи моддиву техникии ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ мусоидат намуда, дар баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии кормандони милитсия дар самти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирӣ намудани ҷиноят ва ҷинояткорӣ нақши калидӣ доранд.
Мо барои тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо мардум ва робитаи зичи аҳолӣ бо милитсия баҳри ҳалли мушкилоти онҳо ва пешгирии кирдорҳои ҷиноӣ телефони бовариро таъсис додаем, ки ин тарзи кор эътимоду боварии мардумро ба милитсия устувортар месозад. Зеро имрӯзҳо ба самти фаъолияти кормандони Вазорати корҳои дохилӣ аҳли ҷомеа хеле эътибори ҷиддӣ дода, халқ дар ҳама лаҳза дар симои кормандони милитсия додраси худро медонад. Ташкил кардани дружиначиёни ихтиёрӣ аз ҳисоби ҷавонони фаъолу ватандӯст дар сар то сари ҷумҳурӣ далели хуб ба роҳ мондани ҳамкориҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо ҷомеа мебошад.
Кормандони милитсия ҳангоми доир гардидани чорабиниҳои муҳими сиёсию давлатӣ баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон шабонарӯзӣ бо масъулияти дучанд ва арҷгузорӣ ба Савганди худ содиқона хизмат менамоянд. Ҳамин аст, ки дар раванди савгандёдкунии худ Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти назарраси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот миннатдорӣ намуданд. Чунин таваҷҷӯҳи Роҳбари давлат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мову шумо, ҳомиёни ҳуқуқу тартиботро вазифадор месозад, ки дар фаъолияти фаврӣ-хизматӣ натиҷаҳои боз ҳам беҳтар ба даст оварда, боварии бештари халқу давлатро сазовор гардем.
Боварӣ дорам, ки ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ минбаъд низ масъулияти ба зиммадоштаро бо сарбаландӣ иҷро намуда, вазифа ва уҳдадориҳои хизматиро содиқона ва софдилона ба ҷо меоранд.
Бори дигар Шумо, муҳофизони тартибу низом, ҳомиёни ҳуқуқ ва посдорони суботу оромиро бахшида ба ҷашни милитсияи тоҷик табрику таҳният намуда, муваффақияту комёбӣ, бахту саодат ва файзу баракати зиндагиро орзу менамоям.
Ҷашни милитсия муборак, ҳамкасбони гиромӣ!