Ҳалокати ронанда дар натиҷаи чаппа шудани автомашина
9-уми декабри соли 2024, тахминан соати 10:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Шакман”, Холов Нозим Оймаҳмадович, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Норак, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Роғун аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар километри 70-уми роҳи автомобилгарди “Ваҳдат-Рашт-Лахш”, автомашинаро ба канори рости роҳ ба чуқурии тахминан 50 метр чаппа намудааст.
Дар натиҷа, худи ронандаи автомашини мазкур Холов Н.О. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.