Ҷавобгарӣ барои дар самти муқобил идора кардани воситаи нақлиёт
Идораи кардани воситаи нақлиёт дар самти муқобили ҳаракат ҳолати воқеъии ба вуҷуд оварандаи ҳодисаи роҳу нақлиётӣ шуда метавонад. Аз таҷрибаи амалии фаъолияти БДА бар меояд, ки аксари садамаҳои нақлиётӣ бо ҳамин ҷурм содир мешаванд. Чунин қоидавайронкунӣ ба дараҷаи қоидаситезиҳои дағал мансуб аст.
Зимни хизматбарӣ дар доираи чорабиниҳои мақсаднок кормандони ШБДА Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «ВYD SONG» рақами қайди давлатияш tj100 МG/10, Қосимов Пулодҷон Абдуғаниевичро дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд барои дар самти муқобили ҳаракат идора ва гузоштани воситаи нақлиёт боздошт карданд.
Ба ҳамин монанд ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Лексус RX-350» рақами қайди давлатиаш tj 19 96 PV 02 Муяссарзода Музаффар Муяссар дар рӯ ба рӯи мағозаи «Waikiki»-и воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд дар самти муқобил воситаи нақлиётро идора ва боздошт карда ба дасти милитсия афтод.
Нисбати ронандагони мазкур бо дастрасии талаботи моддаҳои 325 қисми 4 ва 346 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Чорабиниҳои мақсаднок дар самти низоми роҳдорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд идома дошта ҳолатҳои қоидавайронкуниҳои дағал дар ВАО нашр карда хоҳад шуд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия