Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таваққуфи нодурусти воситаи нақлиёт сабаби асосии тамбашавӣ 

Имрӯзҳо дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати  пешгири аз тамбашавӣ дар роҳҳои нақлиётгард ва таъмини бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ чорабиниҳои мақсаднок гузаронида шуда истодааст. Корбарии милитсияи Суғд нишон медиҳад, ки таваққуфи нодуруст ба мисли бепарвоёна дар дуюм то сеюм хати самти ҳаракат гузоштани воситаҳои нақлиёт ингуна мушкилоти низоми роҳдориро ба вуҷуд меорад. Чунин муносибати бепарвоёна, яъне таваққуфи нодуруст дар моддаи 346 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқвайронкунӣ эътироф гардида ҷавобгарии маъмурӣ пешбини шудааст.
Дар роҳҳои хамшафат ва гирду атрофи масҷид, бозор ва марказҳои савдою хизматрасонӣ ингуна бетартибиҳо ҷой доранд. Ҳангоми хизтбарӣ аз тарфи нозирони роҳи Шуъбаи БДА Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд якчанд ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ дар ин самт ошкор карда шудааст.
Аз ҷумла, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «БМВ-520», рақами қайди давлатияш tj 0005DМ/01 Ҳасанов Алишер Салимбоевич дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд дар қатори дуюми самти ҳаракат таваққуф карда ба дигар воситаи нақлиёт монеъаи сунъии танбашавиро ба вуҷуд овардааст. 
Ба ҳамин монанд ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Таёта Камри», рақами қайди давлатияш tj 8883OJ/02 Соҳибов Соҳиббой Мубинович дар шоҳроҳи «Ғафуров-Хуҷанд» ҳудуди «Сомон Бозор»-и шаҳри Бӯстон воситаи нақлиёташро дар қатори дуюми самти ҳаракат гузошта барои танбашавии воситаҳои нақлиёт мусоидат кардааст.
Ё ин кӣ, дар ҳамин мавзеи шоҳроҳи мазкур ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Таёта-Камри», рақами қайди давлатияш  Н019 СХ/702 RUS Турдалиев Юсуф Мирзоалиевич, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Хундай-Аванта», рақами қайди давлатияш tj 3785 RC/02 Шосаидзода Мирсаиди Қурбон ба ҳамнгуна қоидавайронкунӣ роҳ додааанд.
Нисбати ронандагони дар боло зикршуда бо дастраси талаботи моддаи 346 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи маъмурӣ тартиб дода шуд.
Бо пешниҳоди матлаби мазкур Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба ронандагон риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро тавсия менамояд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия

09.12.2024 17:34
53