Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабиниҳо бо мақсади танзими ҳаракат дар роҳ

Ҳолатҳои танбашавии воситаҳои нақлиёт имрӯзҳо воқеан яке аз мушкилоти асосӣ дар роҳҳои нақлиётгарди кишвар хусусан марказҳои маъмурии вилоят ва шаҳрҳо ба ҳисоб меравад. Мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд дар асоси супориши Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷиҳати пешгири аз мушкилоти тамбашавӣ дар баробари кормандони БДА масъулини дигар шуъбаву хадамотҳои сохтори таркибии милитсияро сафарбар намуда истодааст. То ин ки ҳолатҳои нороҳаткунанда пешгири карда шавад. Корбарии милитсияи Суғд дар шаҳри Хуҷанд нишон медиҳад, ки таваққуфи нодуруст ва дар дуюм то сеюм хати самти ҳаракат гузоштани воситаҳои нақлиёт ингуна мушкилоти низоми роҳдориро ба вуҷуд меорад.Гузашта аз ин ронандагони воситаҳои нақлиёт бояд донанд, ки қоидаситезии онҳо ба ҳаракати воситаҳои нақлиёти махсуси оташнишонӣ, ёрии таъҷилӣ ва милитсия халал эҷод мекунад. Шояд дар ҳамон вақту соат дар роҳи банд намудаи онҳо барои иҷрои вазифаи хизматӣ нақлиётҳои махсуси хизматии номбаргардида гузарад.
Дар роҳҳои хамшафат ва гирду атрофи масҷид, бозор ва марказҳои савдою хизматрасонӣ ингуна бетартибиҳо ҷой доранд. Ба хусус дар гирду атрофи масчидҳо чунин камбудиҳоро мунтазам дидан мумкин аст. Ронандагон дидаву дониста воситаҳои нақлиёти худро дар хати дуюм ва сеюми роҳ гузошта монеъаи сунъии тамбашавиро ба вуҷуд меоранд, ки хилофи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва барои дигар иштирокчиёни ҳаракат хатарнок аст.
Рӯзи 6 декабр бо сафарбар намудани чор гуруҳи корӣ масъулини Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба минтақаи аввали маркази маъмурии вилоят сафарбар гардида вобаста ба мушкилоти тамбашавӣ дар саҳни масҷидҳо корбарӣ карданд. Ҳолати воқеъӣ дар мавзеъҳои сафарбаргардида бозгӯи он аст, ки баъзе аз соҳибони воситаҳои нақлиёт маданият ва интизоми ронандагиро риоя намекунанд ва рафтори бепарвоёнаи онҳо сабаб мешавад, ки мушкилоти тамбашавӣ ба вуҷуд омада соатҳо идома ёбад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки танҳо дар як рӯзи баргузории чорабинии мақсаднок 417 ҳуқуқвайронкунӣ, аз ҷумла итоат накардан ба аломати роҳ ва  ҳолати таввақуфи нодурусти воситаи нақлиёт ошкор ва ҳуҷҷатгузорӣ карда шуд. Дар рафти чорабиниҳои амалигардида, воситаҳои нақлиёте, ки соҳибонашон дар ҷойҳои манъкардашуда таввақуф ва беназорат гузошта рафтаанд ҳуҷҷатгузорӣ, ҳамчунин бо мақсади ба низом даровардан ҳаракати роҳ баъзе аз нақлиётҳои монеъа пешоваранда тариқи воситаи нақлиёти кашолакунанда ба истгоҳи ҷаримавии БДА дастрас карда шуданд.
Ронандагони қоидаситез дар баробари худашон ба қоидавайронкунӣ роҳ додан имкон намедиҳанд, ки пиёдагард ва ё соҳибони дигар воситаи нақлиёт аз рӯи қоида амал намоянд.
Ёдрас бояд шуд, ки мунтазам нодида гирифтани талаботҳои қоидаҳои ҳаракат дар роҳ  дар самти таваққуфи нодурусти воситаи  нақлиёт метавонад барои чунин ронандаҳо одати маъмулӣ гардад. МКД вилояти Суғд дар баробари дар ин самт корҳои тарғиботӣ ва таъсиррасониҳои ҳуқуқиро пурзӯр намудан аз кулли иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ хоҳиш ва талаб менамояд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро  қотеъона риоя намоянд. Ингуна чорабиниҳои танзимдароранди милитсияи Суғд идома хоҳад ёфт. 
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия

09.12.2024 17:32
58