Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ҳодисаҳои гуногуни нақлиётӣ

4-уми декабри соли 2024, тахминан соати 22:30-дақиқа, ронандаи  автомашинаи тамғаи “Тайота-Кемрӣ”, Маҳмудов Сорбон Зафарҷонович, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Левакант ба самти шаҳри Бохтар, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Орзуи ҷамоати деҳоти Бӯстон қалъаи ноҳияи Кӯшониён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Қурбонов Салмон Урунбекович, соли таваллудаш 2005, сокини ноҳияи Вахшро пахш намудааст. 
Дар натиҷа, пиёдагард Қурбонов С.У. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
5-уми декабри соли 2024, тахминан соатҳои 11:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Королла”, Искандаров Тоирбек Атоевич, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Қубодиён ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати шаҳраки Қубодиён ба самти деҳаи Зиракии ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Мусофирзода Сафиябону Сайали, соли таваллудаш 2022, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди хурдсол Мусофирзода С.С. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
5-уми декабри соли 2024, тахминан соати 00:25-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Раҳимбоев Асадулло Шодуллоевич, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат ю дар роҳи мошингарди деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Катабобоев Ҷуръат Муродқулович, соли таваллудаш 1984, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст. 
Дар натиҷа, пиёдагард Катабобоев Ҷ.М. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

06.12.2024 13:04
31