Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолати азонихудкунӣ ё исрофкорӣ

Зимни санҷиши мактуби ҶДММ “Озода Косметикс” аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 42-солаи сокини шаҳри Душанбе ба ҳайси соҳибкор дар ҶДММ “Бозори Корвон” фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти кориаш 20-уми сентябри соли 2023, бо мақсади азонихудкунӣ ва исрофкорӣ дар асоси борхатҳо маҳсулоти гуногуни ороиширо қабул намуда, маҳсулоти мазкурро дар мағозааш ба фурӯш гузошта, маблағи ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. 
Дар натиҷа, гумонбаршаванда бо ин кирдораш ба ҷамъияти мазкур 26 ҳазору 220 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

06.12.2024 12:56
19