Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикот

 Табрикоти

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бахшида ба Иди касбии кормандони милитсия

 

ш. Душанбе                                       10. 11. соли 2018

 

Муҳтарам афсарону сарбозон,

ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ!

 

Бо арзи сипос ва самимияти бепоён Иди касбии кормандони милитсияро ба Шумо муборакбод намуда, бароятон тансиҳативу рӯзгори обод, саодату сарбаландӣ ва дар ин кори бошарафу пурифтихор, бароятон барору комёбӣ таманно менамоям.

Дар ин рӯз мо ҳар сол аз таърихи милитсияи Тоҷикистон ёдовар гардида, ранҷу заҳмат ва талошу кӯшишҳои шабонарӯзии кормандони мақомоти корҳои дохилиро дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои ғайриқонунӣ пеши назар меорем.

Мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз рӯзҳои аввали ба фаъолият оғоз намудан, барои таъмини суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои хилофи қонун дар сафи пеши муборизаҳо қарор дошт.

Милитсия аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ, алалхусус дар даврони соҳибистиқлолӣ масъулияти басо ҳассосу душвор, ҳифзи молу мулк, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, таъмини суботу осоиштагӣ ва мубориза бо ҷинояткориро ба ӯҳда дошту дорад.

Бояд қайд кард, ки дар он солҳои душвор бо вуҷуди мушкилоти сиёсӣ-иҷтимоӣ, норасоии қувва, набудани шароити моддӣ-маишӣ ва молу ашёи зарурӣ кормандони милитсия масъулияти худро содиқона ба ҷой меоварданд.

Диловарию садоқати кормандони милитсия буд, ки ин ниҳод аз набарду муборизаҳои сангин ва имтиҳони сахти рӯзгор сарбаландона гузашта, масъулияти ба ӯҳда дошта, яъне барқарории сулҳу субот, осоиштагӣ ва шароиту муҳити орому осударо барои кору зиндагӣ ва корҳои ободонию созандагӣ фароҳам овард.

Ба истиқлолияти давлатӣ расидан саҳифаи навро дар таърихи милитсияи Тоҷикистон оғоз намуд ва шароит фароҳам оварда шуд, ки кормандони ин ниҳод бо дарки баланди худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ баҳри ҳимояи ин неъмати гаронбаҳои давлату миллат, вазифаи муқаддасу ҷонӣ - ҳимоя ва ҳифзи Ватани азизамонро сарбаландона ба ҷой оранд. Маҳз бо дастгириву ғамхории пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин муддат мақомоти корҳои дохилӣ ба як ниҳоди боэътимоди пурқувват, кафили амнияти дохилии кишвар ва фаъолтарин сохтори қудратии мамлакат мубаддал гардид. Он дар муқовиматҳои шадиди ҷанги шаҳрвандӣ ва муборизаҳои пай дар пай ба муқобили гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша, террористон, қочоқчиёни маводи мухаддир ва силоҳ обу тоб ёфта, таҷрибаи баланди касбӣ пайдо кард.

Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шуҷоату мардонагӣ ва содиқона иҷро намудани ӯҳдадорию вазифаҳои хизматӣ садҳо нафар кормандони милитсия бо рутба, ордену медалҳо ва мукофот сарфароз гардонида шуданд.

Дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кӯмакҳои машваратӣ, техникӣ ва молиявӣ, ки ҷиҳати баланд бардоштани инфрасохтори мақомоти корҳои дохилӣ, сатҳи касбият ва маърифати хуқуқии кормандони милитсия мусоидат мекунанд ҳар як фарди бонангу номус ва содиқ ба ин Ватанро водор месозад, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматии хеш, боз ҳам ҷиддитару бомасъулият рафтору муносибат намояд.

Маҳз натиҷаи чунин дастгирию ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки садҳо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили истиқоматӣ ва қитъаҳои замин таъмин гардида, дар баробари он таҷдиду азнавсозии биноҳои маъмурии милитсия, инчунин бо нақлиёт, техникаҳои ҳозиразамон ва сарулибос таъмин намудани ҳайати шахсӣ роҳандозӣ гардид.

Дар давоми 6 соли охир, аз соли 2012 то имрӯз 550 нафар кормандони мақомот бо хонаҳои истиқоматӣ, 230 нафар бо хобгоҳ ва 2700 нафар бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд.

Шурӯъ аз даврони истиқлолият дар миқёси ҷумҳурӣ 155 адад иншоотҳои хурду калони маъмурию хизматии мақомоти корҳои дохилӣ аз таҳкурсӣ сохта ба истифода дода шудааст. Биноҳои Раёсати Вазорат дар минтақа ва ноҳияи Рашт, Маҷмааи Дармонгоҳи Раёсати тиббӣ, Маҷмааи Варзишии «Спитамен», Дастаи таъиноти махсуси милитсия, Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар», Коллеҷи милитсия дар шаҳри Кӯлоб, якчанд хонаҳои истиқоматии баландошёна дар шаҳри Душанбе, Шуъбаҳои Вазорат дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, шаҳри Ваҳдат, Машқгоҳи тактикӣ дар мавзеи Марғоби дараи Ромит, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, Бинои Раёсати кофтукови ҷиноятӣ, Бинои сеошёнаи Ротаи алоҳидаи қисми низомии 3503 Қушунҳои дохила дар шаҳри Хоруғ ва даҳҳо биноҳои дигар аз файзи даврони истиқлолият шаҳодат медиҳанд. Дар ин давра 1391 бинову иншоотҳои мақомоти корҳои дохилӣ, шӯъбачаҳои минтақавии милитсия ва нуқтаҳои такягоҳи тартиботи ҷамъиятӣ таъмиру тармим гардидаанд.

Иштирок ва суханронии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи якчанд бинову иншоотҳои замонавӣ, алалхусус бинову иншоотҳои дар боло зикргардида ва бунёди Академияи муосири Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар иншоотҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон, Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳия ва минтақаи Рашт боиси рӯҳбаландӣ ва эътимоду боварии ҳайати шахсӣ нисбат ба ин пешаи интихобкарда гардида, кормандонро водор месозад, масъулият ва вазифаҳои ба зиммадоштаро бо сарбаландӣ иҷро намоянд.

 

Ҳозирини гиромӣ!

Ба Шумо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расониданиям, ки бахшида ба ҷашни милитсия бо иштироки Пешвои миллат, Бинои нуҳошёнаи хизматӣ воқеъ дар кучаи Шерозӣ-17, ҳамшафати бинои асосии Вазорати корҳои дохилӣ ва бинои Маркази муқовимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизм, воқеъ дар кӯчаи Айнӣ 124-А, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо тамоми таҷҳизоти муосири замонавӣ муҷҷаҳаз гардонидашуда ҳамчун тӯҳфаи арзанда дар рӯзи ҷашн ба истифода дода шуд.

Дар ин радиф биноҳои нави ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ, Шӯъбачаи милитсия дар ҷамоати деҳоти Эсанбой, нуқтаи такягоҳи тартиботи ҷамъиятӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД дар вилояти Хатлон мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.    

Ҳамаи ин дастгириву ғамхориҳо ба хотири ранҷу заҳмати шабонарӯзии кормандони милитсия дар таъмини суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ мебошад. Боиси хушнудист, ки қувва ва иқтидори Вазорати корҳои дохилӣ сол ба сол афзуда, сатҳи дониш ва малакаи касбии кормандон боло меравад.

Дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо ҳисси баланди масъулияти иҷрои вазифаҳои хизматӣ афзуда, аз ҳар яки мову шумо талаб карда мешавад, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо бояд аз корманди қаторӣ то афсари олирутба ҳама масъулиятшинос, ватандӯст ва ифтихори баланди миллӣ дошта бошем, ба Савганди хеш содиқ монда, барои халқу Ватани азизамон - Тоҷикистон софдилона хизмат намоем.

Танҳо бо дарки баланди масъулиятшиносӣ, эҳсоси садоқат ба Ватану миллат ва эҳтиром ба Сарвари давлат мо метавонем, сулҳу субот ва амнияту осоиштагиро, ки асоси зиндагии арзандаю шоиста ва рӯзгори пурсаодати сокинони кишвар ба ҳисоб мераванд, таъмин намоем.

Бо таманниёту орзӯҳои нек дар ин рӯзи ҷашни милитсия ба ҳамаи Шумо ва аҳли хонаводаатон бахту саодат, хотирҷамъӣ, рӯзгори ободу зебо ва дар кору зиндагиатон барору комёбиҳо орзу менамоям.

Ид муборак, ҳамкасбони азиз!

10.11.2018 11:27
15