Ошкор шудани ҳодисаҳои авбошӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 57-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 4-уми декабри соли 2024, тахминан соати 23:30-дақиқа, духтари ноболиғи 16-солааш сокини ҳамон ҷо, ки дар хонаи холааш, воқеъ дар кӯчаи Фирдавсии пойтахт қарор дошт, шавҳари холааш марди 59-солаи сокини ноҳияи Шаҳритус аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос ба ӯ дарафтода, бо истифода аз корди хоҷагӣ ӯро захмӣ намудааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Инчунин, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 35-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 5-уми декабри соли 2024, тахминан соати 06:20-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Лучоби пойтахт қарор доштанаш, марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаҳои 158 ва 163 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия суд шудааст, аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос бо корд 2 маротиба ба шикамаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.