Дастгир гардидани марди 40-сола бо ҷурми ғоратгарӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини шаҳри Панҷакент бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 4-уми ноябри соли 2024, тахминан соати 20:30-дақиқа, дар ҳолати мастӣ дар назди хонаи истиқоматиаш аз дасти ноболиғи 14-солаи сокини шаҳри мазкур бо роҳи ошкоро ва зӯроварӣ 1-адад телефони мобилии тамғаи «Инфиникс», ки арзишаш 1 ҳазору 400 сомонӣ мебошад ва 800 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.