Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо варзишгарони шиновар
6-уми декабри соли 2024 Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ки ҳамзамон Раиси Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, бо варзишгарони шиновар, ки дар 17-умин чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ аз 10 то 15 декабри соли 2024 дар шаҳри Будапешти Маҷористон иштирок менамоянд, вохӯрӣ доир намуд.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода варзишгаронро барои омодагии ҷиддӣ дидан ва дар сатҳи баланд нишон додани маҳорату малакаи касбӣ дар ин чорабинии муҳими варзишии сатҳи ҷаҳонӣ ҳидоят намуда, ба ҳамаи онҳо барору комёбиҳо таманно кард.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки варзишгарони кишварамон дар чорабинии варзишии мазкур лоиқу сазовор баромад намуда, бо ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ номбардори кишвару Ватани хеш мегарданд.