Ифшо шудани ду ҳодисаи дуздӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён аризаи зани 37-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 3-юми декабри соли 2024, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз онҷо 31 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Фархор аризаи марди 47-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки шаби 26 ба 27-уми ноябри соли 2024, тахминан соати 01:00 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз онҷо 54 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ноҳияи Восеъ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.