Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эълон!

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ, бартараф намудани камбудиҳои техникӣ, дар ҳолати муқаррарии техникӣ қарор доштани воситаҳои нақлиёт, таъмини ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт дар роҳҳо дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ чорабинии мақсаднок бо номи «Муоинаи техникӣ» ва «Пардохтҳо аз нақлиёт» гузаронида шуда истодааст. 
Дар ин раванд ба диққати ронандагон расонида машавад, ки дар вақти санҷиш ҳуҷҷатҳои воситаҳои нақлиёт аз қабили муоинаи техникӣ, пардохти андоз, утилизатсия (нобудсозӣ) ва дигар пардохтҳо талаб карда мешавад. Таваққуфи нодуруст, ки боиси  танбашавии дигар воситаҳои нақлиёт мегардад ва ба ҳаракати воситаҳои нақлиёти махсуси оташнишонӣ, ёрии таъҷилӣ ва милитсия халал эҷод мекунад, чунин ронандагон тибқи қонун ба ҷавобгарӣ ҷалб карда мешаванд.
Вазорати корҳои дохилӣ ҳамзамон, аз шаҳрвандон бахусус иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ хоҳиш менамояд, ки барои саҳм гузоштан дар бартараф намудани ин камбудиҳо дар пойтахти кишвар наворҳои қоидавайркунии ронандагонро ба сомонаи ВКД тавассути рақами +992939222111, ки ба шабакаи иҷтимоии телеграмм  васл мебошад, ирсол намоянд.
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

05.12.2024 14:15
169